Фехрасти интихоб
Навъхои интихоб
Омор

Хамаги дар онлайн: 1
Мехмонхо: 1
Истифодабарандагон: 0

Каталог статей

Асоси » Маколахо » Мои статьи

Аёдати бемор
Ба номи Худованди бахшандаи мењрубон!
Аёдати бемор
 Ислом, ки дини барњаќ аст, инсониятро ба бењтарини ахлоќ роњнамої намуда, аз корњои зишту нописандида боз медорад. Яке аз он хислатњои накўи исломї ва инсонї иёдати бемор аст. Чун нафаре аз дўстон, хешовандон, наздикон ва ё аз њамсоягони мо бемор шавад, бар мо лозим аст, ки аз ў хабар гирем ва дар њаќаш сухани накў гуфта, дуои хайр намоем. Расули акрам саллаллоњу ъалайњи ва саллам дар як њадиси мубораки худ, ки онро Абўњурайра (рз) ривоят мекунад, мефармояд: «Њаќќул-муслими ъалал-муслими хамсун: раддус-саломи ва ъиёдатул-маризи ва ваттибоъул-љаноизи ва иљобуд-даъвати ва ташмитул-ъотиси» . (Мутаффаќун ъалайњи.) «Мусалмон бар болои мусалмони дигар панљ њаќ дорад: љавоби салом, иёдати бемор, ташйиъи љаноза, ќабул намудани даъват ва бо дуъо љавоб додани атсаи атсазананда ». Њамчунин дар њадиси дигаре, ки онро Имом Муслим аз тариќи Савбон (рз) ривоят мекунад, Расулуллоњ саллаллоњу ъалайњи ва саллам фармудаанд: «Ман ъода маризан, лам язал фи хурфатил-љаннати њатто ярљиъа». «Њар ки бемореро иёдат кунад, њамеша дар хуруфи бињишт аст, то ваќте, ки бозмегардад.» Гуфта шуд: Ё Расулаллоњ саллаллоњу ъалайњи ва саллам хурфа чист? Љавоб доданд: мевааш, ки чида мешавад. (Дар луѓатњо ба маънои роње, ки ду тарафашро дарахтони мевадор ињота намудааст омадааст.) Воќеан њам дини мубини ислом мо мусалмононро ба иёдати бемор, ки яке аз фазилатњои неки инсонист, ташвиќу тарѓиб менамояд. Чунончї дар њадиси дигаре, ки Имом Муслим онро аз сањобии бузург Абўњурайра (рз) ривоят менамояд, омадааст: «Инналлоња ъазза ва љалла яќулу явмул-ќиёмати: Йабна Одама, маризту фалам таъуднї. Ќола: Ё раббї кайфа аъудука ва анта раббул-ъоламин? Ќола: А мо ъалимта анна ъабдї фулонан мариза фалам таъудњу. А мо ъалимта аннака лав ъудтању лаваљадтанї ъиндању?…» «Аллоњ таъоло рўзи ќиёмат мегўяд: Эй фарзанди Одам! Бемор шудам, чаро ба иёдатам наомадї? Мегўяд(инсон): Эй Парвардигорам! Чї гуна туро иёдат мекардам, ки ту Парвардигори оламиёнї? Аллоњ таъоло мегўяд: Оё огоњ нашудї, ки бандаи ман фалонї бемор шуд, пас ту ба иёдаташ нарафтї? Агар ўро иёдат мекардї, маро наздаш меёфтї…» Аз ин њадисњо маълум мешавад, ки хабар гирифтани бемор савоби бузурге дорад. Моро лозим аст, ки ба ин њадисњо амал намуда, ахлоќи худро комил намоем. Аммо бояд донист, ки дар иёдати бемор одоби онро фаромўш насозем. Аз љумлаи одоби беморбинї инњоянд: 1. Бояд зуд аз пеши бемор бархезад, то ўро дар машаќќату ранљ наяфканад. Шояд бемор ба оромї ва ё хоб ниёз дорад. Ё аз сабаби заъфи беморї њољаташро дошта наметавонад. Агар дар беморхона бошад, ё дар хона зери назорати табибон, бояд шахси ба зиёрати бемор омада ба дастури табибон амал намояд. Аммо агар иёдаткунанда аз дўстон ва ё наздикони бемор бошад, ки сабаби хушнудї ва оромии бемор шавад, дар ин сурат бисёр истодан зарар надорад. 2. Назди бемор сухани зиёд нагўяд ва саргузашти бемор шуданашро напурсад. Зеро дар ин сурат мумкин аст, ки бемор ба љуз бемории љисми худ боз ранљи равонї кашад. 3. Кўшиш кунад, ки беморро хушнуд намуда, дилашро шод созад. Њамчунин ўро ба шифо ёфтан умедвор намуда, њолашро бењ гўяд. Ва чун дафъањои дигар ба иёдат ояд, њоли ўро аз пештара хубтару бењтар гўяд. 4. Бояд, ки барои бемор дуои нек кунад ва аз Худованд барояш шифо талабад. Паёмбари акрам саллаллоњу ъалайњи ва саллам њар гоњ бемореро иёдат менамуданд, ба ў мегуфтанд: «Ло баъса тањурун иншоаллоњу». «Боке нест, иншоаллоњ ин бемориат поккунанда аст (яъне гуноњонатро мебарад.)». Аз чумлаи дуоњои суннатие, ки аз Расулуллоњ саллаллоњу ъалайњи ва саллам зикраш омадааст, чунин аст: «Ман ъода маризан лам яњзур аљалању фаќола ъиндању сабъа марротин: Асъалуллоњал-ъазима раббал-ъаршил-ъазими ан яшфияка, илло ъофоњуллоњу». «Њар кї бемореро иёдат кунад, ки маргаш фаро нарасида бошад, пас наздаш њафт маротиба (ин дуъоро) бигўяд: Асъалуллоњал-ъазима раббал-ъаршил-ъазими ан яшфияка (Аз Аллоњи бузург, Парвардигори Арши бузург хоњонам, ки туро шифо бидињад), магар ки Аллоњ таоло ўро саломатї ва шифо медињад». (Ин њадисро Њоким сањењ гуфтааст.) Дар мавриди дуоњо бар шахси бемор аз Расули Худо саллаллоњу ъалайњи ва саллам њадисњо зиёданд. Аммо ин дуо, ки зикраш рафт, барои онест, ки ба иёдати беморе меравад. Аз мазмуни ин њадисњои Паёмбари бузургвори ислом саллаллоњу ъалайњи ва саллам бароямон маълум мешавад, ки инсони мусалмон бояд мусалмони дигарро дар њолати бемориаш аз њолаш бохабар шуда истад. Њангоми иёдати бемор бошад, аз ќоидањои гуфташуда риоя намояд. Зеро имрўзњо мебинем, ки баъзе ба одоби зиёрати бемор риоя намекунанд. Агар мо воќеан њам иёдати беморро тибќи фармудаи дини мубини ислом анљом дињем, њам ба бемор шодмониву шифо, њам барои худ аљру подош аз љониби Худованд мегирем. Зеро иёдати бемор суннат аст ва мусалмонро зарур аст, ки тибќи суннати Расулуллоњ саллаллоњу ъалайњи ва саллам амал намояд, то дар њар ду олам хушбахту сарбанд бошад. Шайх Фаридуддини Аттор хуб фармудаанд: Бар сари болини беморон гузар, З-он, ки њаст ин суннати хайрул-башар.
Навъ: Мои статьи | Илова кард: Domullo (12.01.2011)
Дидахо: 2056 | Рейтинг: 5.0/1
Хамаи шарххо: 0
Имя *:
Email *:
Код *: