Фехрасти интихоб
Таквим
«  Июн 2011  »
ДушСешЧршПншЧмШнЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930
Омор

Хамаги дар онлайн: 1
Мехмонхо: 1
Истифодабарандагон: 0

Асоси » 2011 » Июн » 12 » Як ғазали зебо аз Шаҳриёр
22:54
Як ғазали зебо аз Шаҳриёр

Ҷавонӣ шамъи раҳ кардам, ки ҷӯям зиндагониро,
Наҷустам зиндагонирову гум кардам ҷавониро.
Кунун бо бори пирӣ орзумандам, ки баргардам,
Ба дунболи ҷавонӣ курароҳи зиндагониро.
Ба ёди ёри дерин корвонгумкардаро монам,
Ки шаб дар хоб бинад ҳамраҳони корвониро.
Баҳоре буду моро ҳам шабобеву шакархобе,
Чӣ ғафлат доштем, эй гул, шабехуни ҷавониро.
Чӣ бедорӣ талхӣ буд аз хоби хуш мастӣ,
Ки дар комам ба заҳр олуд шаҳди шодмониро.
Сухан бо ман намегӯӣ, ало эй ҳамзабони дил,
Худоё бо кӣ гӯям шикваи беҳамзабониро?
Насими зулфи ҷонон кӯ?, ки чун барги хазондида,
Ба пои сарви худ дорам ҳавои ҷонфишониро.
Ба чашми осмонӣ гардише дорӣ балои ҷон,
Худоро бармагардон ин балои осмониро.
Намирӣ Шаҳриёр аз шеъри ширини равон гуфтан,
Ки аз оби бақо ҷӯянд умри ҷовидониро.
Дидахо: 707 | Илова кард: Domullo | Рейтинг: 0.0/0
Хамаи шарххо: 0
Имя *:
Email *:
Код *: