Фехрасти интихоб
Таквим
«  Май 2011  »
ДушСешЧршПншЧмШнЯкш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031
Омор

Хамаги дар онлайн: 1
Мехмонхо: 1
Истифодабарандагон: 0

Асоси » 2011 » Май » 9 » Маънои номи Муҳаммад(sav).
21:20
Маънои номи Муҳаммад(sav).

Абдулҳаннони Абдурраҳмон

Барои арабҳо қабл аз ислом ва ё аниқтараш қабл аз Паёмбари гиромиямон номи Муҳаммад ноошно буд. Ҳамин буд, ки вақте ҳазрати Муҳаммад (с) таваллуд шуд бобояш Абдулмутталиб дастархоне орост ва ҳама афроди қабилаи қурайшро даъват кард.

Пас аз онки ақиқаи Муҳаммад (с)-ро хурданд аз Абдулмутталиб пурсиданд:Эй Абдулмутталиб! Ин тифлро чӣ ном гузоштӣ?

 

Абдулмутталиб гуфт: ўро Муҳаммад ном гузоштам.

Мардум ҳама даҳшатзада ба якдигар менигаристанд, зеро ин ном барои арабҳо ноошно буд ва чунин номеро ҳанӯз нашунида буданд, гуё ин номро Худо аз замоне, ки Одам (а)-ро офарид барои охирин ва хотами паёмбаронаш захира намуда буд.

Мардум пурсиданд: эй Абдулмутталиб! Чаро аз номҳои аҷдодонат канораҷўи кардӣ?

Абдулмутталиб гуфт: хостам то ўро Худо аз осмон ва мардумон аз замин ҳамд гӯянд.

Мардумони зиёде Муҳаммад ном доранд, балки мегӯянд номе, ки аз ҳама бештар дар дунё мардум ба он номгузорӣ мекунанд Муҳаммад аст, аммо бисёри аз онҳо дар чӣ будани маънояш фикр накардаанд.

Пас маънои калимаи Муҳаммад чист?

Муҳаммад аз сифати ҳамд буда касеро гўянд, ки ба ў на як бор балки бисёр ҳамд гуфта мешавад, ва аз сабаби бисёр ба ў ҳамд гуфтан Муҳаммад шудааст.

Қуръони карим агарчӣ Паёмбарамонро ба ном ва сифатҳои зиёде ёд кардааст, ба монанди Рауф ва Раҳим, аммо дар чор ҷои дигари аз ин китоби муқаддас ба номи Муҳаммад, ҳамон номе, ки падаркалонаш Абдулмутталиб гузошта буд ёд шудааст, чунончӣ фармудаи Худост:

ما كان محمّد أبا أحد من رّجالكم ولكن رسول الله وخاتم النبيّن

«Муҳаммад падари ҳеҷ яке аз мардони шумо нест, ў расули Худо ва хотами паёмбарон аст…».

(Сураи Аҳзоб: 40)

Паёмбари Худо (с) низ дар ҳадисе, ки онро Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд худро Муҳаммад, Аҳмад ва номҳои дигаре номидааст, мефармояд:

".. أنا محمد وأنا أحمد وأنا الماحي وأنا الحاشر وأنا العاقب." رواه البخاري ومسلم

«… ман Муҳаммадам, ман Аҳмадам, ман….».

Пас маънои Аҳмад чист?

Яъне аз ҳама бештар ҳамдгӯяндагон ва касе ба монанди ў Худоро ҳамд намегӯяд. Ҳамчунин Қуръони карим ў (с)-ро Аҳмад номидааст:

وإذ قال عيسى ابن مريم يبنى إسراءيل إنّي رسول الله إليكم مّصدّقا لّما بين يديّ من التّورة ومبشّرا برسول يأتي من اسمه أحمد فلمّا جاءهم بالبينت قالوا هذا سحرمّبين

«Ва Исо ибни Марям гуфт: «Эй бани Исроил! Ман фиристодаи Худо ба сўи шумо ҳастам, тавротро, ки пеш аз ман будааст тасдиқ мекунам ва ба паёмбаре, ки баъд аз ман меояд ва номаш Аҳмад аст, хушхабаратон медиҳам». Чун он паёмбар бо оёти равшани худ омад, гуфтанд: «Ин ҷодуест ошкор ва равшан».

(Сураи Саф: 6)

Пас ин баёнгари он аст, ки ҳатто паёмбарони гузашта охирин паёмбарро бо ин ном мешинохтаанд.

Худоё бар Муҳаммад ва олу асҳобаш дуруд бифирст.

Абдулҳаннони Абдурраҳмон

Дидахо: 1841 | Илова кард: Domullo | Рейтинг: 0.0/0
Хамаи шарххо: 0
Имя *:
Email *:
Код *: