Фехрасти интихоб
Таквим
«  Май 2011  »
ДушСешЧршПншЧмШнЯкш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031
Омор

Хамаги дар онлайн: 1
Мехмонхо: 1
Истифодабарандагон: 0

Асоси » 2011 » Май » 9 » Муҳаммад (с) дар Забур.
21:17
Муҳаммад (с) дар Забур.

Абдулҳаннони Абдурраҳмон

 

Дар китоби «Ҳаёти саҳоба» ва «Бидоя» омадааст, ки Ваҳаб ибни Мунаббаҳ гуфтааст: Худованд ба Довуд (а) дар Забур ваҳй намуда фармудааст:

 

 

«Эй Довуд пас аз ту паёмбар е хоҳад омад, ки номи ў Аҳмад ва Муҳаммад аст ва ў содиқ ва сардор аст, ман ҳаргиз бар вай хашмгин намешавамва ў ҳаргиз маро ба ғазаб намеорад. Гуноҳони гузашта ва ояндаи ўро қабл аз он, ки нофармонии Маро бикунад, бахшидаам ва умматаш мавриди раҳмат қарор дорад. Ба онҳо он қадар навофил додаам, ки ба анбиё надодам, ба онҳо фароизеро лозим сохтаам, ки бар анбиё ва расулон фарз гардонида будам, то инки дар қиёмат дар ҳоле наздам меоянд, ки нурашон чун нури анбиё бошад… то инки гуфт: эй Довуд! Ман Муҳаммад ва умматашро бар ҳамаи умматҳо фазилат додаам».[1]

Дар китоби Забур 44: 3- омадааст:

«Ту аз бани одам зеботарин ҳастӣ,

Латофат бар лабонат ҳувайдост,

Бинобар ин Худованд туро муборак хондааст то абад.

Шамшери Худро, эй Баҳодур,

Бар рони худ бибанд, ки шукӯҳ ва шавкати туст,

Ва дар шавкати худ савор шуда,

Ва дар роҳи ростӣ ва ҳилму адолат комёб шав,

Ва амният чизҳои аҷибе ба ту нишон хоҳад дод.

Тирҳои ту тез аст, қавмҳо зери пои ту фурў меғалтанд

…. Духтарони подшоҳон аз занони наҷиби ту ҳастанд,

…. Дар ивази падаронат писаронат хоҳанд буд,

Ва ононро бар тамоми ҷаҳон сарварон хоҳи сохт,

Номи туро зикр хоҳам кард то абадуддаҳр,

Бинобар ин қавмҳо Туро ҳамд хоҳанд гуфт то абад».

(Забур 44: 3-18).

Донишмандони яҳудӣ бар ин боваранд, ки шахси васфшуда дар оятҳои боло ҳазрати Сулаймон аст ва масеҳиён онро бар ҳазрати Исо (а) рабт медиҳанд. Васфҳое, ки дар ин оятҳо баён шудааст ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҳазрати Сулаймон (а) ва ҳазрати Исо (а) мутобиқат намекунанд, зеро агар бар сирати ҳазрати Исо (а), ҳатто мутобиқ бо китоб ва ақидаи худи масеҳиён назар кунем чунин васфҳо дар ў дида намешавад, ба монанди:

1-    Ҳазрати Исо (а) ҳеҷгоҳ ба ҷанг нарафта буд,

2-    подшоҳии дунявӣ надошт балки ба эътиқоди худи масеҳиён дастгир шуд ва тоҷе аз хор бар сараш гузоштанд ва ба ў тавҳин карданд.

3-    Ҳазрати Исо (а)-ро ҳеҷ подшоҳе такрим накард.

4-    На худ издивоҷ кард ва на насле аз ў буд, ки духтарони подшоҳон дар хонааш бошанд.

Аммо мутобиқати ин оятҳоро дар мавриди ҳазрати Муҳаммад (с) мебинем, ки то ҷое ба ҳақиқат наздиктар аст:

1-    Чуноне, ки дар китобҳои таърих омадааст Муҳаммад (с) аз зеботарин фарзандони Одам (а) ба шумор меравад.

2-    Латофат ва забони ширин ишорат ба фасоҳат ва балоғати ў (с) шудааст.

3-    Маъмур ба ҷанг бо кофирон шуда буд ва бо худ шамшер дошт.

4-     Қавмҳо ва мардумон ўро дар саросари замин ва бо овози баланд (яъне дар азонҳо) ҳамд мегӯянд. Агар дар тамоми таърих назар афканем касе дар замин, чуноне, ки ба Муҳаммад (с) ҳамд гуфта мешавад, ҳамд гуфта нашудааст.

Ҳамчунин дар Забур, таронаи 71 омадааст[2]:

«Дар аёми ў одил нумў хоҳад кард,

Сулҳу осоиштагӣ фаровон хоҳад буд, то даме, ки моҳ фано нашавад.

Қаламрави ў аз баҳр то баҳр хоҳад буд, ва аз дарё то ақсои замин.

Пеши ў биёбоннишинон зону хоҳанд зад, ва душманони ў хокро хоҳанд лесид.

Подшоҳони Таршиш ва ҷазираҳо ҳадя хоҳанд овард, подшоҳони Шабо ва Сабо инъомҳо пешкаш хоҳанд кард.

Ҳамаи подшоҳон ба ў саҷда хоҳанд кард, ҳамаи халқҳо ба ў хизмат хоҳанд кард.

Зеро мискинеро, ки истиғоса мебарад ва мазлумеро, ки мададгор надорад, халос хоҳад кард.

Ба бенаво ва мискин шафқат хоҳад кард, ва ҷонҳои мискинонро наҷот хоҳад дод.

Аз макр ва зулм ҷонҳои онҳоро раҳо хоҳад кард, хуни онҳо дар назари ў гиронбаҳо хоҳад буд.

Ва ў зинда хоҳад буд ва аз тиллои Шабо ба ў хоҳанд дод.

Доимо барои ў дуо хоҳанд гуфт, ҳар рўз ўро муборак хоҳанд хонд.

Ғалла дар замин то ба қуллаи куҳҳо фаровон хоҳад шуд.

Ҳосили он мисли Лубнон шуввас хоҳад зад ва мардуми шаҳр монанди алафи замин афзоиш хоҳанд ёфт.

Номи ў то абад хоҳад монд, то даме, ки офтоб нурафшон аст, номи ў зикр хоҳад ёфт ва дар ў баракат хоҳанд хост, ҳамаи халқҳо ўро ҳамд хоҳанд кард.»

(Забур, Таронаи 71: 7-17).

Хулосаи оятҳои зикргардидаро равшан менамоем, ки ба кадом яке динҳои осмонӣ мутобиқат менамояд.

-Дар аёми Паёмбари Худо (с) буд, ки адл ва росгўи авҷ гирифт[3].

-Ислом худ ҳамон дини салом аст, ки дуруди муъминон бо ҳамдигар калимаи салом аст.

- Дини Ислом аз баҳри араб то муҳити атлас ва аз дарёи Даҷла то ақсои Осиё мунташир гардид.

-Биёбоннишинон ҳамон аъробиён ва арабҳо буданд.

-Подшоҳони зиёде, аз Таршишу Ҷазоир ба ў ҳадя ва ҷизя фиристоданд.

-Подшоҳони бузурги дунё, ба монанди подшоҳи Форс ва Рум дар муқобили дини ў сар хам карданд.

-Ба бекасону мискинон шафқат мекунад.

-Номаш то абад мемонад ва ба ў то абад ҳамд мегўянд, чуноне, ки дар тамоми дунё лаҳза ва ё сонияе нест, ки номи Муҳаммад (с) ёд нашавад, ба монанди инки ҳар лаҳза ва бо овози баланд дар азон номашро ёд мекунанд.

Фарзанди ҳазрати Довуд, Сулаймон (а) дар китоби «Суруди сурудаҳо» фармудааст:

«Даҳонаш ширинсухан аст,

Ва ў сар то по фаттон аст,

Чунин аст маҳбуби ман ва чунин аст ёри ман,

Эй духтарони Ерусалим»

(Суруди сурудаҳо 5:16)

Ширини даҳон киноя аз фасоҳат ва балоғат аст, чунончи Паёмбари Худо ҳазрати Муҳаммад (с) фасеҳтарини мардумон буданд. Барои бештар равшан шудани ин оят, ки ишора ба чӣ касе кардааст бармегардем ба матни ибрии ин оят, ки чунин аст:

חכו ממתקים וכלומחמדים זה דודיוזה רעי בנותירושלם

Талафузи ин матн бо ҳуруфи лотинӣ:

ChKV MMThQYM VKLV MChMDYM.

Ва бо ҳуруфи крилӣ:

Ҳаку мумтақим вакулу Муҳамадим.

Аммо дар тарҷумаҳои дигари дунё ба вижа забони форсӣ ва тоҷикӣ ба маҳбуби ман тарҷума шудааст. Дар ин оят на танҳо ном балки сифати ҳазрати Муҳаммад (с) равшан ва ҳувайдост.

Абдулҳаннони Абдурраҳмон

[1] «Ҳаёти саҳоба» ҷ 1 саҳ 63. «Бидоя» ҷ 2 саҳ 326.

[2] Дар тарҷумаи забонҳои дигар ба монанди Форсӣ ва Арабӣ дар таронаи 72 зикр гардидааст.

[3] Дар тарҷумаи арабии ин оят الصديق омадааст, ки ишорат ба Абубакри Сиддиқ аст.

Дидахо: 751 | Илова кард: Domullo | Рейтинг: 0.0/0
Хамаи шарххо: 0
Имя *:
Email *:
Код *: