Фехрасти интихоб
Таквим
«  Июн 2011  »
ДушСешЧршПншЧмШнЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930
Омор

Хамаги дар онлайн: 1
Мехмонхо: 1
Истифодабарандагон: 0

Асоси » 2011 » Июн » 20 » озмун
11:01
озмун
Озмунро бо сухани мукаддимави Раиси Маркази исломии Точикистон Саидмукаррами Абдулкодир кушода, мехмононро хайра макдам гуфт. Сипас чанд ояти Куръони мачид аз чониби донишчуи соли саввуми Донишкадаи исломии Точикистон ба номи Имоми Аъзам кори Иззатуллох Давлатов кироат карда шуд. Сараввал, мушовири калони Президенти Чумхурии Точикистон Субхон Кошонов баромад намуда, салому паёми сарвари давлатро ба иштирокчиёни озмун расонида, гуфтанд, ки Раиси чумхур ба ин озмун диккати махсус дода, шохчоизаи онро шахсан худашон омода намудаанд. Баъдан раиси Кумитаи оид ба корхои дини назди Хукумати Чумхурии Точикистон Абдурахим Холиков баромад намуда, баргузории ин озмунро намунаи кадрдонии Хукумат аз арзишхои волои фарханги исломии точикон номид. Сипас, намояндаи хайати оламии "Тахфизи Куръони карим" Холид Усмон (аз Арабистони Сауди) сухан карда, иброз дошт, ки у бори аввал аст, ки дар Точикистон аст ва аз мехмоннавозию табиати зебои Точикистон вокеан хам дар шигифт аст ва аз Раисчумхури Точикистон Эмомали Рахмон, ки се сол боз озмуни "Хифз ва кироати Куръони карим" бо ташаббус ва сарпарастии эшон баргузор мегардад, салом ва миннатдории Раиси хайати оламии "Тахфизи Куръони карим" доктор Шайх Али Абдуллохи Басфарро расонид.
Хамчунин мехмон аз Туркия Махмуд Коркут ба сухан баромада, пайванди дустии мардуми турку точикро ёдовар шуда гуфт, ки миллати мо бо точик на танхо хамдин, балки хаммазхаб буда, решахои дустии ин ду халк таърихи кадима дорад. Намояндаи фархангии сафорати Давлати исломии Афгонистон низ ба сухан баромада, оиди фарханги исломи, инсондусти ва мехру мухаббати инсониву исломи аз оёти Куръон ва аходиси Расулуллох (с)суханронии хубе карданд. Ректори Донишкадаи исломии Точикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуханифа устод Умарали Назаров низ баромад намуда, сахми ин озмун ва хондани каломи илохи ва амал кардан ба онро дар худшиносии милли ва динии чавонон ва пешгири аз амалхои номатлуб падидаи чолиб арзёби карданд.
Муфтии Чумхурии Точикистон Саидмукаррами Абдулкодир бори дигар мехмононро хайра макдам гуфта, аз хамаи мехмонону иштирокчиёни озмун ва хаводорону мухлисони дар толорбуда, изхори сипос намуданд.
Дидахо: 1427 | Илова кард: Domullo | Рейтинг: 0.0/0
Хамаи шарххо: 0
Имя *:
Email *:
Код *: